Дар Душанбе Академияи байналмилалии ВКД бунёд мешавад

Ноябрь 3, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Академияи байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт бинои Академияи байналмилалӣ сохта мешавад.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода бо лоиҳа, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва тарроҳӣ шинос шуда, ба масъулин оид ба иҷрои босифати корҳо, риояи талаботи муосири сохтмонӣ, инчунин истифодаи масолеҳи хушсифат  супоришҳои мушаххас дод.

«То имрӯз коргарон ва мутахассисон дар иҷрои корҳои сохтмонӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд ва дастрасии технологияю механизмҳои муосир ба кори онҳо мусоидат мекунад», — хабар медиҳад  манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии  мамлакат бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳим оид ба беҳтар намудани шароити кор ва хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кадрҳо ва таҳкими заминаи моддӣ — техникии мақомоти корҳои дохилӣ андешида шудаанд.

Ноябрь 3, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд