Дар Исфара беш аз 200 бех ниҳоли каталпа шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2020 / АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо иштироки фаъолонаи аҳли меҳнати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заводи сементбарории шаҳри Исфара» дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони каталпа шинонида шуд, ки ин ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳад кард.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар маросими ниҳолшинонӣ раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода иштирок намуда, иброз намуд, ки ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.
Ҳоло дар шаҳри Исфара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва муассисаву ташкилот тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тибқи нақшаи пешбинишуда, бояд дар ҳудуди шаҳри Исфара беш аз 4 ҳазору 423 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 100 ҳазор адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 2000 дона гули лола шинонида шаванд.
Раиси шаҳри Исфара баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара даъват намуда, баҳри нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда дастуру супоришҳо дод.








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






