Дар Исфара беш аз 200 бех ниҳоли каталпа шинонида шуд

Ноябрь 18, 2020 08:37

ДУШАНБЕ, 18.11.2020 / АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара  мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо иштироки фаъолонаи аҳли меҳнати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заводи сементбарории шаҳри Исфара» дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони каталпа шинонида шуд, ки ин ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳад кард.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  дар маросими ниҳолшинонӣ раиси  шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода иштирок намуда, иброз намуд, ки ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Ҳоло дар шаҳри Исфара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва муассисаву ташкилот тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тибқи нақшаи пешбинишуда, бояд дар ҳудуди шаҳри Исфара беш аз 4 ҳазору 423 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 100 ҳазор адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 2000 дона гули лола шинонида шаванд.

Раиси шаҳри Исфара баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара даъват намуда, баҳри нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда дастуру супоришҳо дод.

Ноябрь 18, 2020 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст