Дар Кӯлоб Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид

Ноябрь 10, 2020 08:33

ДУШАНБЕ,  10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб Файзулло Нозимзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, курсантҳои коллеҷи милитсия ва дигар фаъолон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Муовини Раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён иброз намуд, ки мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фидокорона хизмат менамоянд. Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ баръало эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро карданд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ ба як гурӯҳ кормандон, собиқадорони  милитсия ва фаъолони шаҳр ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи милитсия дар шаҳри Кӯлоб якчанд  мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, шоҳмот, шашка ва теннис доир гардида, ба ғолибон аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсия  таҷлил карда мешавад.

Ноябрь 10, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад