Дар ноҳияи Кӯшониён кормандони милитсия бо донишҷӯён мулоқоти судманд анҷом доданд

Ноябрь 30, 2020 15:14

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон вохӯрии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ сардори шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии  ноболиғону ҷавонон (ШОПҲНҶ)-и РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Юсуф Обидзода доир ба нақши ҷавонони фаъол дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо изҳори андеша намуд.
Дар мулоқот оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои даст ба қонунвайронкуниву ҷиноят задани онҳо ва муноқишаҳои байни ҷавонон, ҳурмати калонсолон, сари вақт ба дарсҳо ҳозир гардидан ва муносибати эҳтиромона бо ҳамсабақон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ректори Донишкада Диловаршо Исозода иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ беҳтарин шароити таҳсилу зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. «Танҳо ҷавонони моро зарур аст, ки аз имконият истифода бурда, соҳиби касбу кори гуногун шаванд ва барои давлату мардуми ин сарзамин хизмат намоянд, зеро тамоми дастовардҳои милливу давлатӣ дар заминаи тарбияи насли имрӯзи миллат метавонанд дастёб гарданд»,-афзуд ректор.

Инчунин аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳм гузоранд.

Дар фарҷоми чамъомад кормандони милитсия барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ба устодон ва ректори Донишкадаи мазкур Диловаршо Исозода изҳори сипос карданд.

Ноябрь 30, 2020 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад