Дар ноҳияи Кӯшониён кормандони милитсия бо донишҷӯён мулоқоти судманд анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон вохӯрии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон (ШОПҲНҶ)-и РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Юсуф Обидзода доир ба нақши ҷавонони фаъол дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо изҳори андеша намуд.
Дар мулоқот оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои даст ба қонунвайронкуниву ҷиноят задани онҳо ва муноқишаҳои байни ҷавонон, ҳурмати калонсолон, сари вақт ба дарсҳо ҳозир гардидан ва муносибати эҳтиромона бо ҳамсабақон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ректори Донишкада Диловаршо Исозода иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ беҳтарин шароити таҳсилу зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. «Танҳо ҷавонони моро зарур аст, ки аз имконият истифода бурда, соҳиби касбу кори гуногун шаванд ва барои давлату мардуми ин сарзамин хизмат намоянд, зеро тамоми дастовардҳои милливу давлатӣ дар заминаи тарбияи насли имрӯзи миллат метавонанд дастёб гарданд»,-афзуд ректор.
Инчунин аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳм гузоранд.
Дар фарҷоми чамъомад кормандони милитсия барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ба устодон ва ректори Донишкадаи мазкур Диловаршо Исозода изҳори сипос карданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






