Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ин рӯзи таърихӣ таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории давлатдориамон 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд. Ин нуктаро Раиси Суди Олии иқтисоди Мавлуда Қаландарзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябр дар толори Суди Олии иқтисодӣ баргузор гардид, баён дошт.
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мавлуда Қаландарзода доир ба аҳамияти таърихии ин рӯзи муқаддас иброз намуд, ки «дар ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст».
Аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки тибқи таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои давлаташон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлат нақши абадӣ гузоштаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои барҷаста мебошанд ва аз маҳбубияти хоссаи мардум бархурдоранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






