Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд

Ноябрь 16, 2020 16:39

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ин рӯзи таърихӣ таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории давлатдориамон 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд. Ин нуктаро Раиси Суди Олии иқтисоди Мавлуда Қаландарзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябр дар толори Суди Олии иқтисодӣ баргузор гардид, баён дошт.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мавлуда Қаландарзода доир ба аҳамияти таърихии ин рӯзи муқаддас иброз намуд, ки «дар ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст».

Аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки тибқи таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки  онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои давлаташон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлат нақши абадӣ гузоштаанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои барҷаста мебошанд ва аз маҳбубияти хоссаи мардум бархурдоранд.

Ноябрь 16, 2020 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад