Дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомад доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад ва мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Ин нуктаро Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Мавлуда Қаландарзода дар ҷамъомаде, ки имрӯз ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Суди олии иқтисодии мамлакат доир гардид, зикр намуд.
Таъкид шуд, ки парчаму парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихии бостоншиносӣ, парчамдории мардуми мо таърихи зиёда аз 4000 – сола дорад. Аз таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ бармеояд, ки ҳокимони давр барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд. Аз миёни рамзу нишонаҳо Парчам таърихи рангину қадимӣ дорад. Таҳқиқоти бостоншиносӣ собит намудааст, ки парчамсозии халқи ориёӣ аз давраи давлатдории Пешдодиён ва Каёниён ибтидо мегирад, ки ин аз ливобардории мардуми мо дар оғози давлатдории башар башорат медиҳад.
Мавлуда Қаландарзода афзуд, ки 28 сол қабл дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айём масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилон бо дарки аҳамият ва нақши парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагон Парчами давлатӣ қабул карда шуд.
Зикр шуд, ки халқи Тоҷикистон ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намуд. Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ, инчунин ҷойгиркунии тасвири Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд. Мояи ифтихор аст, ки парчаме, ки дар маркази пойтахти мамлакат қомат афрохтааст, дар китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст.
Гуфта шуд, ки равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами давлатии мо дар радифи парчамҳои дигар кишварҳо дар созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҷойгир мебошад, ки мояи ифтихор аст.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон зикр карданд, ки Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон ифтихор аз гузашта ва фардои халқ, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад Зикр гардид, ки эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии мардумамон дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар гардида, минбаъд низ дар зери Парчами давлатӣ муттаҳид мешаванд, бо муҳаббату садоқат ба Ватан баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ободию шукуфоии сарзаминамон саъю талош менамоянд.








Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?






