Дар Тоҷикистон 93 596 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ барзиёд истеҳсол гардидааст

Ноябрь 4, 2020 09:24

ДУШАНБЕ, 04.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони мамлакат 1 млн 282 ҳазору 836 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93 ҳазору 596 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 32,9 сентнерро ташкил медиҳад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Имсол кишоварзони мамлакат дар майдони 389 ҳазору 546 гектар кишти ғалладонагӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 5799  гектар зиёд мебошад.

То аввали моҳи ноябр дар мамлакат 847 ҳазору 417 тонна гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 ҳазору 703 тонна зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки кишоварзони мамлакат имсол дар майдони 268 ҳазору 374 гектар кишти гандум гузарониданд.

Ноябрь 4, 2020 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд