Дар Тоҷикистон зиёда аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон истеҳсоли ин маҳсулоти сохтмониро зиёд намуданд. Тибқи маълумоти бахши саноат, аз аввали соли равон дар мамлакат беш аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда 2,4% ё худ нисбат ба нишондиҳандаҳои моҳҳои январ-октябри соли 2019 87,1 ҳазор тонна зиёдтар аст, хабар медиҳад “Авесто”.
Тибқи иттилои манбаи агентии “Авесто”, дар айни ҳол 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд ва иқтидори солонаи онҳо 4,7 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Истеҳсол ва содироти семент ҳар сол афзоиш меёбад. Аз ҷумла, соли 2018 корхонаҳои саноатии Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 844,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2017 23,3% зиёдтар аст.
Соли 2019 ин нишондиҳанда 4,2 миллион тонна сементро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 тақрибан 400 ҳазор тонна зиёдтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон 1,5 миллион тонна сементро ба маблағи 68,1 миллион доллар содир кард.
Ин навъи масолеҳи сохтмонӣ асосан ба Ӯзбекистон — 980 ҳазор тонна, Афғонистон — 576 ҳазор тонна ва Қирғизистон — 80,6 ҳазор тонна содир мешавад.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 660 ҳазор тонна семент содир шудааст: 333,6 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон, 294,6 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 40 ҳазор тонна ба Қирғизистон.
Маблағи умумии даромад аз фурӯши ин навъи масолеҳи сохтмонӣ 27,3 миллион долларро ташкил додааст.
АКС аз бойгонӣ








Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд






