Даргузашти шоир Сафар Аюбзода
ДУШАНБЕ, 22.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе имрӯз шоири маъруф Сафар Аюбзодаи Маҳзун аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Сафар Аюбзодаи Маҳзун соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст. Фаъолияти меҳнатиаш, баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб, дар ноҳияи Вахш аз омӯзгорӣ сар шуда, баъди чанд моҳи муаллимӣ ба шуъбаи маорифу фарҳанг ва адабиёти рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба кор гузаштааст. Аз ҳамон айём дар соҳаи матбуоту фарҳанги маҳаллию ҷумҳуриявӣ фаъолият дошт.
Нахустин шеърҳояш аз ҳангоми донишҷӯйӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои шеъри «Нафаси ишқ», «Шарораи шавқ», «Ай ишқ, наҷотам деҳ!», «Ранҷи ишқ ширин аст», «Саду як дарди ишқ», «Сурайёнома», «Гулбоз», «Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар!», «Афсонаи шодӣ», «Бадеҳаи ашк», «Таронаи ишқ», «Давлати ишқ», «Таронаи ифтихор», «Сад пора дили маҳзун» ва ғайра мебошад.
Асарҳои саҳнавии ӯ «Базми хосаи Мушбону», «Ашӯламоҳ ва Фалакбой», «Чароғи маърифат», «Гуфтугӯ бо театр», «Моҷаро» ва ғайра дар театрҳои гуногуни мамлакат саҳнагузорӣ шудаанд.
Оҳангсозони номӣ Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоеа, Фаттоҳ Одинаев, Амирбек Мӯсоев, Мирзоватан Миров, Қудратулло Ҳикматов ба матни баъзе аз ашъораш оҳанг бастаанд.
Шеъру асарҳои саҳнавии алоҳидаи нависандаи олмонӣ П. Вайс, адибони рус В. Сергеева, О. Журавлёва, Н. Беседин, В. Березев ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» тақдир карда шудааст. Дорандаи ордени Бунёди фарҳанги «Шараф ва мардонагӣ»-и Санкт Петербург, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон ва Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон мебошад.
Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст: «Сад афсус, ки боз як нафар шоири соҳибқаламу писандидаи мардум, инсони андешапарасту шикастанафс, ҳамкору ҳампеша — Сафар Айюбзодаи Маҳзун дунёи моро тарк гуфт.
Ӯ марди оилаву рӯзгор, марди адабиёт, дӯсти содиқу меҳрубон буд. Мо ҳамроҳ солҳо бори эҷодии маҷаллаи «Фирӯза»-ро кашидаем.
Се моҳ кабл куллиёти ашъораш «Таронаборон»-ро манзури хонандагонаш гардонд. Аз он комёбиаш шод будем, бехабар аз он, ки гуфтугӯи охиринаш бо дӯстдорони каломи бадеъ будааст… Ёдаш бахайр! Охираташ обод, ҷояш ҷаннат бод!».
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






