Дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиби мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ гардид

Ноябрь 19, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони аъзои дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ аз намудҳои варзиши кикбоксинг ва муайтай иштирок намуда, чандин ҷойҳои ифтихорӣ ба даст оварданд. Дар ин бора  аз   Вазорати корҳои дохилӣ ба   шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон   хабар доданд.

6 нафар варзишгарони навраси динамочӣ дар мусобиқа аз намуди кикбоксинг, ки дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баргузор гардид, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, Фарид Муродов дар вазни 26 кило, Алиҷон Солеҳов дар вазни 33 кило ва Билол Аминов дар вазни 44 кило ҷойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гаштанд. Ҳамчунин Абдулло Маҷидов дар вазни 27 кило, Юсуф Сафаров дар вазни 30 кило ва Назрихуҷа Сафаров дар вазни 42 кило ҷойҳои дуюми мусобиқаро ишғол намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 10 даста бо теъдоди беш аз 120 нафар варзишгарони наврасу ҷавон ширкат доштанд.

Варзишгарони ҷавон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайтай-тай, ки дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, соҳиби се медал гардиданд. Динамочиён Абдуносир Муҳаммадиев дар вазни 51 кило ба ишғоли мақоми аввал мушарраф гашта, Аҳмад Абдураҳмонов дар вазни 35 кило ва Комров Сабзаков дар вазни 54 кило сазовори ҷойҳои дуюм ва медали нуқраи чемпионат гардиданд.

Ин варзишгарони наврас зери роҳбарии мураббии ботаҷрибаи аъзои Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» Фазлиддин Шоев тамрин намуда, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои дарпешистода омодагӣ мебинанд.

Ноябрь 19, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст