Доир ба ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷиҳати анҷом додани тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои гурӯҳи тадқиқотчиён бо назардошти чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, машғулияти омӯзишӣ то 5 ноябр идома меёбад.
Дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, аъзои гурӯҳ, намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки аз 9 ноябр то 9 декабри соли равон дар муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи методология интихоб ва ба рӯйхат дароварда шудаанд, тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ бо назардошти маълумот ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи чораҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ гузаронида мешавад.
Гурӯҳи тадқиқотчиён пас аз анҷоми тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ ба роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассали таҳлилӣ пешниҳод менамоянд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






