«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РАВШАНГАРИ ТАЪРИХ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ХОРУҒ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон-равшангари таърих»-таҳти ин унвон ба шаарфи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷўён ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон конфренсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалиро ба ифтихори гиромидошти ин рӯзи муҳими таърихӣ аз номи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов табрик намуда, ба мардуми Тоҷикистон муттаҳидиву ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва рушди босуботи мамлакатро таманно намуд. Муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки баргузор шудани Иҷлосияи таърхии 16-уми Шӯрои Олӣ ва Раиси Шӯро интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки аз рӯзхои нахустини давлатдорӣ ин фарзанди фарзонаи миллат тамоми нерую иродаи хешро барои таъмини сулҳу субот, баргардондани муҳоҷирон ба Ватан равона созанд. Ҷаноби Олӣ бо заҳмату ҷоннисориҳои зиёд оқибат миллатро гирди ҳам оварда, неруи онҳоро ба бунёди дубораи мамлакат равона кард. Ба мақоми Пешвои миллат пазируфта шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин пеш аз ҳама, ифодаи иродаи халқ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву такдирсозашон дар роҳи раҳоӣ аз ҷангу хушунат, таҳкими волоияти қонун, бозгашт ба раванди конститутсионӣ ва барқарор кардани сохторҳои давладорӣ мебошад.
Номзади илмҳои таърих Мамадризохон Алимшоев аз саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ёдоварӣ намуда, баён дошт, ки тавсеаи институти президентӣ, принсипҳои муосири демократӣ, ташаккули андешаву арзишҳои милливу инсонӣ, ширкати фаъол дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву тандурустӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо азизи ҳар хонадони тоҷикистонӣ гардонид, балки таҷрибаи андӯхтаашон дар ин самт дар арсаи чахонӣ низ баҳои баланд гирифт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






