«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РАВШАНГАРИ ТАЪРИХ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Ноябрь 16, 2020 12:28

ХОРУҒ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  «Эмомалӣ Раҳмон-равшангари таърих»-таҳти ин унвон ба шаарфи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷўён ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон конфренсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалиро ба ифтихори гиромидошти ин рӯзи  муҳими таърихӣ аз номи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Ёдгор Файзов табрик намуда, ба мардуми Тоҷикистон муттаҳидиву ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва рушди босуботи мамлакатро таманно намуд. Муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки баргузор шудани Иҷлосияи таърхии 16-уми Шӯрои Олӣ ва Раиси Шӯро интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки аз рӯзхои нахустини давлатдорӣ ин фарзанди фарзонаи миллат тамоми нерую иродаи хешро барои таъмини сулҳу субот, баргардондани муҳоҷирон ба Ватан равона созанд.  Ҷаноби Олӣ бо заҳмату ҷоннисориҳои зиёд оқибат миллатро гирди ҳам оварда, неруи онҳоро ба бунёди дубораи мамлакат равона  кард. Ба мақоми Пешвои миллат пазируфта шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин  пеш аз ҳама, ифодаи иродаи халқ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву такдирсозашон дар роҳи раҳоӣ аз ҷангу хушунат, таҳкими волоияти қонун, бозгашт ба раванди конститутсионӣ ва барқарор кардани сохторҳои давладорӣ мебошад.

Номзади илмҳои таърих Мамадризохон Алимшоев аз саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ёдоварӣ намуда, баён дошт, ки тавсеаи институти президентӣ, принсипҳои муосири демократӣ, ташаккули андешаву арзишҳои милливу инсонӣ, ширкати фаъол дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву тандурустӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо азизи ҳар хонадони тоҷикистонӣ гардонид, балки таҷрибаи андӯхтаашон дар ин самт дар арсаи чахонӣ низ баҳои баланд гирифт.

Ноябрь 16, 2020 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид