Филми тоҷикии «Ношунаво» барандаи ҷоизаи Кинофестивали Осиё гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми коргардони ҷавони тоҷик Усмон Юсупов таҳти унвони «Ношунаво» дар Чин сазовори ҷоизаи мӯътабар гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ додааст.
Филм сазовори ҷоизаи байналмилалии синамоии Golden Begonia Award («Олиҳаи тиллоӣ») -и Фестивали VIII Осиёии филмҳои кӯтоҳметраж дар Чин дониста шуд.
Мунаққидон ин филмро яке аз беҳтаринҳо дар кинофестивал арзёбӣ кардаанд.
Ҳангоми мукофотонидани ширкаткунандагони озмун ҷоизаи Усмон Юсупов барои филм аллакай ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин тақдим шуда буд, зеро худи муаллиф бо сабаби пандемия ба ин фестивал омада натавонист.
Тибқи иттилои сафорат, маросими супоридани ҷоизаҳо дар шаҳри Линсанги вилояти Юннан дар ҷанубу ғарби Чин баргузор шудааст.

ДАР АКС: Супоридани ҷоиза ба намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶМЧ Муҳаммад Эгамзод. Акси сафорати Тоҷикистон дар Чин
Гуфта мешавад, ки дар кинофестивал ҳамагӣ се филми коргардонҳои тоҷик муаррифӣ шуда, озмун ҳамасола маҷмӯан беш аз 20 ҳазор дархостро аз 30 кишвари ҷаҳон интихоб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар 7-умин Фестивали осиёии филмҳои кӯтоҳметраж (7thAsian MicroFilmArtFestival), ки моҳи ноябри соли 2019 дар Чин баргузор шуда буд, филми тоҷикии «Хаёлфурӯш» -и коргардон Шарофат Арабова низ ҳамчун яке аз беҳтарин филмҳои кинофестивал бо ҷоизаи «Олиҳаи тиллоӣ» (Begonia Golden) мукофотонида шуда буд. Филми «Хаёлфурӯш» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикфилм» ва студияи ҳиндустонии «Марудҳар Артс» таҳия шуда, барои бозидани нақши асосӣ ҳунарпешаи кинои Ҳиндустон Пушпендра Сингх даъват шуда буд. Филм бо забонҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ ба навор гирифта шудааст.








25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард






