Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Суғд гаштҳои хонагӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шиносоии гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа идома дорад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода гурӯҳи корӣ аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд дидан намуд. Ба гурӯҳи мазкур Намояндаи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева низ ҳамроҳ мебошад.
Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент, ба шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд сафар карда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд.
Инчунин, бо мақсади таҳлил ва баррасии вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 бо иштироки гурӯҳи кории вазорат, роҳбарият ва намояндагони як қатор сохторҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр ҷаласаҳои корӣ доир гардид.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки новобаста аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби шаҳрвандон дар ин масъала бепарвоӣ ва хунукназарӣ ба мушоҳида мерасад. Махсусан, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, марказҳои хизматрасонӣ бозору мағозаҳо ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намекунанд.
Дар ноҳияи Ашт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд гаштҳои хонагӣ анҷом дода, бо шаҳрвандоне, ки дар қайди марказҳои саломатӣ қарор дошта, дар хона табобат мегиранд, суҳбат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд таъмиру барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон ба ҳукми анъана даромада, дар ин самт аллакай корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






