Хусрав Нозирӣ дар конфронси видеоӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Ноябрь 26, 2020 14:12

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар Конфронси видеоии сатҳи баланд зери унвони «Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ: пешрафти минтақавӣ ва роҳ ба пеш», ки аз сӯи Ҳукумати Япония ва Дафтари минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва ИДМ танзим гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Хусрав Нозирӣ зимни суханронӣ дар ин нишаст роҷеъ ба аҳамияти муборизаи дастаҷамъона бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ изҳори назар карда, ширкаткунандагонро бо пайкору дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими муколама ҷиҳати пайдо кардани роҳҳали муассири рафъи таҳдидҳои номбурда шинос намуд.

Таваҷҷуҳи ҳозирин ба «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризму маблағгузории он ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби он раванд низ ҷалб гардид.

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 26, 2020 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад