Коршиносони Бонки рушди Авруосиё муҳлатҳои барқарор шудани иқтисодиёти Тоҷикистонро дар шароити пандемияи COVID-19 муайян намуданд

Ноябрь 27, 2020 10:54

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои макроиқтисоди Бонки рушди Авруосиё (БРАО) барои соли 2021 муайян кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон 6,1% -ро ташкил хоҳад кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 26 ноябр хадамоти матбуоти БРАО хабар додааст.

Дар гузориши пешниҳодшудаи «Иқтисоди кишварҳои БРАО дар соли 2021 — пешгӯиҳо барои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон» омадааст, ки кишварҳои узви БРАО соли 2020 бо сабаби оқибатҳои пандемияи COVID-19 дучори таконҳои азими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шуданд. Мувофиқи маълумоти мутахассисони бонк, ММД кишварҳои аъзои он охири соли 2020 пас аз афзоиши пештара — 1,7%, то 3,8% коҳиш хоҳад ёфт, хабар медиҳанд коршиносони бонк.

Дастгирии давлатии иқтисодиёт дар Тоҷикистон нисбатан хурд буда, тақрибан 2,5% ММД-ро ташкил медиҳад. Ин ба захираҳои маҳдуди молиявии ҷумҳурӣ вобаста аст, мегӯянд коршиносон.

Дар муқоиса бо соли 2019, ки рушди иқтисодиёт 7,5% -ро ташкил намуд, афзоиши иқтисоди Тоҷикистон соли 2020 4,5% хоҳад буд. Ба гуфтаи коршиносони БРАО, соли 2021 иқтисоди мамлакат аз ҳисоби интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ дастгирӣ хоҳад ёфт, зеро иқтисод дар давлатҳои донор, пеш аз ҳама, дар Россия барқарор хоҳад шуд.

Динамикааи иқтисодиёти Тоҷикистон солҳои 2021-2022 бо таъсири манфии пандемияи COVID-19 ва равандҳои барқарорсозии минбаъдаи пас аз он  муайян карда хоҳад шуд.

Дар сурати мусоид омадани вазъият Тоҷикистон метавонад тадриҷан суръати таҳарруки ММД-ро то сатҳи 2019 (7,5%) барқарор кунад, ин нишондиҳанда танҳо то соли 2022 (7,4%) бармегардад.

Хатари бад шудани таҳарруки иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба пешбинии заминавӣ баланд боқӣ хоҳад буд. Агар давомнокии пандемия аз сенарияи заминавии гузошташуда зиёд бошад, зарари бар асари хуруҷи коронавирус пешбинишуда метавонад аз он чизе, ки интизор меравад, зиёдтар бошад, илова мекунанд таҳлилгарон.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Бонки рушди Авруосиё (БРАО) созмони байналмилалии молиявист, ки ба ҳамгироӣ ва рушди кишварҳои иштирокчӣ: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Сармояи оинномавии бонк 7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бонкро моҳи январи соли 2006 Россия ва Қазоқистон таъсис додаанд, ки қароргоҳаш дар Алмаато воқеъ аст. Саҳми асосиро дар портфели БРАО лоиҳаҳои дорои самараи баланди ҳамгироӣ дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ, энергетика, саноати кимиёю кӯҳӣ ва мошинсозӣ ишғол мекунанд.

Хазинаи субот ва рушд Авруосиёии (ХСРА) дар ҳаҷми 8,513 млрд доллари ИМА 9 июни соли 2009 аз тарафи ҳукуматҳои ҳамон 6 мамлакат таъсис ёфтааст.  Ҳадафҳои ХАСР — мусоидат намудан ба мамлакатҳои аъзо дар бартараф намудани оқибатҳои буҳрони сартосарии молӣ, таъмини суботи иқтисодӣ ва молии онҳо ва дастгирии равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа мебошад. Давлатҳои аъзои ХАСР ваколати идора намудани маблағҳои Хазинаро ба зиммаи БАОР вогузор ва Созишномаро дар бораи идора намудани маблағҳои ХАСР имзо кардаанд.

АКС аз сомонаи  БРАО

Ноябрь 27, 2020 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Миёни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфта Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
БМТ: Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тақозои замон аст
Далер Ҷумъа дар нишасти Шӯрои энергетикии барқи ИДМ ширкат намуд
Соли 2022 ба Тоҷикистон аз Русия чӣ миқдор нафту газ ворид мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи содагардонии расмиёти савдо баррасӣ шуд
Дар Кӯлоб Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон-2021 баргузор шуд
Дар Бонки миллӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид
Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара ба мутахассисон эҳтиёҷ дорад
Дастовардҳои биологҳои тоҷик дар соли 2021 натиҷагирӣ шуд
Дар шаҳри Дубай Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир шуд
«ОБ — САРЧАШМАИ АСОСИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба баррасии барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд