Маъракаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пурра иҷро гардид

Ноябрь 3, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон маъракаи  даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид. Шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон ва Темурмалик нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пурра иҷро кардаанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ба гуфти масъулини комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, айни замон наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз шуда, то 30 ноябр давом меёбад. Ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Ноябрь 3, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид