Масоили таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуданд

Ноябрь 6, 2020 08:31

ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Сайид мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва башардӯстона баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, 4 ноябр мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб Абдулваҳоб ал-Бадр сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди мазкур, вазъи иқтисодии ҷаҳон дар пасманзари ҳамагирии COVID-19, роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкорӣ бо ин Фонди бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 6, 2020 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд