Мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид

Ноябрь 19, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр ба манзури омодагӣ ба Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 25 ноябри соли 2020 дар Сеул дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад, мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея барпо шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ намояндагӣ кард.

Ҷонибҳо пиромуни раванди омодагӣ ба баргузории Форуми навбатӣ табодули афкор намуда, пешнависи Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии Форум ва Нақшаи кори Котиботи Форум барои соли 2021-ро баррасӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 19, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд