ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Ноябрь 18, 2020 08:09

ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2-7дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона  6-11 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, рӯзона борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борону барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 11-16  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4   дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 7+9 дараҷа  гарм мешавад.

Ноябрь 18, 2020 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд