ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Роҳбарони Вазорати тандурустӣ аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии чанд шаҳру ноҳия дидан карданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Файзобод, Самариддин Ализода аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаи Бохтар дидан намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Ҷамолиддин Абдуллозода ба Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода рафта, бо бошандагони он суҳбат анҷом дод ва аз анбори муассиса дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии ангишту ҳезум ва маводи хӯрокӣ муҳайё карда шудааст. Зикр гардид, ки аз ҳисоби хоҷагии ёрирасоне, ки дар ихтиёри Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода қарор дорад, роҳбарони муассиса самаранок истифода намуда, аз ҳосили он барои фасли зимистон аз бодиринг ва помидор консерва омода намудаанд.
Ҳамчунин бошандагони муассисаи мазкур барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Зимни вохӯриҳои роҳбарони вазорат дар шаҳру навоҳии мазкур ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.











Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид






