Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — муаррифи Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаи сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Ин нукта имрӯз зимни ҳамоиш таҳти унвони «Пешвои миллат-асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифи Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ», ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва иштироки кормандон баргузор гардид, зикр шуд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар ҳамоиш иброз дошт, ки мо Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ҷашн гирифта, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Пешвои миллат вобаста медонем.
«Хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо сабаби боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст», — илова намуд мавсуф..
Зикр гардид, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу таърихи ғанӣ, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин кормандони Кумита дар мавзӯъҳои «Президент ва Ваҳдати миллӣ» ва «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» маърӯза намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст ва он тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ, ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рўи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми содаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гардидааст.










ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






