Дар раддабандии КФО «Истиқлол» ба қатори 50 дастаи беҳтарин дохил шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё раддабандии нави дастаҳоро муайян намуд, ки дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон мавқеи худро беҳтар карданд. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба қатори 50 дастаи беҳтарин дохил шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе нисбат ба соли гузашта дар ин раддабандӣ 13 зина боло рафтааст, ки он замон охири моҳи ноябр дар ҷои 54-ум қарор гирифта буд. Тибқи нишондиҳандаҳои моҳи октябри соли 2020, барандаи дукаратаи Ҷоми КФО дар маҷмӯъ 29,77 имтиёз дошта, дар ин рейтинг зинаи 41-умро гирифтааст. Дар маҷмӯъ, ба ин раддабандӣ 144 дастаи Осиё шомил шудаанд. Дастаи дигари Тоҷикистон – «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 11,50 хол дар ҷои 84-ум қарор дорад.
Миёни дастаҳои Осиёи Марказӣ ҷойи баландтарин ба дастаи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд тааллуқ дорад, ки бо 36,07 хол дар ҷойи 27-ум қарор гирифтааст. Панҷгонаи беҳтарин дастаҳои Осиё аз ин қабиланд- Кашима Антлерс (Япония, ҷои 1-ум, 100,79 хол), Ал-Ҳилол (Арабистони Саудӣ, ҷои 2-юм, 97,91 имтиёз), Шанхай SIPG (Чин, ҷои 3, 96.00 хол), «Ал-Дуҳайл» (Қатар, ҷои 4-ум, 87.91), Гуанчжоу Эвергранд (Чин, ҷои 5, 86.00 хол).








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






