REGNUM: Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон афзоиш ёфт

Ноябрь 20, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ “Ховар»/. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти нуҳ моҳи соли 2020 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  8,3% афзудааст. Дар ин бора муовини раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзуллоев изҳор дошт, хабар медиҳад портали REGNUM.ru.

Бино ба зикри М. Файзуллоев, ҳаҷми савдои хориҷӣ 3,42 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 261 миллион доллар зиёд аст. Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи афзоиши даромади буҷа аз ҳисоби фаъолияти иқтисоди хориҷӣ хабар дода буд.

Аз рӯи натиҷаи чормоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон 1,632 млрд. долларро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019   22,5% зиёд аст.

                                                                           Акс аз бойгонӣ

Ноябрь 20, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд