Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар умури консулӣ Тамим Ад-Дусарӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки заминаи қарордодиву аҳдномавии муносибатҳои байни ду кишварро 11 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.
Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкорӣ таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкории бахши хусусии ду кишвар таъсис ёфт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






