Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок ва суханронӣ намуд

Ноябрь 6, 2020 17:29

ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аснои баргузории ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба нақши кишварҳои аъзои ИДМ дар самти пешбурди соҳаи иқтисод ва молия, роҳу коммуникатсия, гумрук, алоқа, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар соҳаҳо таъкид доштанд.

Зимни суханронӣ Сарвазири  мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки дар 9 моҳи соли 2020 мубодилаи молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ 1,7 миллиард долларро ташкил дод.

Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 кишварҳои аъзо фаъолияти дастаҷамъонаро ба роҳ монда, дар ин самт андешидани чораҳои заруриро идома дода истодаанд.

Дар ҷаласа оид ба татбиқи Барномаи ҳамкории инноватсионии байнидавлатии кишварҳои узви ИДМ барои то соли 2030 ва Стратегияи тақвиятбахшии иқтисоди ИДМ барои давраи то соли 2030 ибрози ақида карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз ҳамгироии некро бо кишварҳои узви ИДМ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, барои ба даст омадани натиҷаи неки ҳамкорӣ пайваста тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.

Дар анҷоми кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ноябрь 6, 2020 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд