«Шахсияти бузурги таърихсоз». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб нашр гардид

Ноябрь 13, 2020 08:34

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арафаи Рӯзи Президент ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Шахсияти бузурги таърихсоз»  китоб нашр гардид.

Муаллифи китоб муҳаққиқ ва рӯзноманигор, сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Шодӣ Шокирзода мебошад, ки дар нашрияи «Меҳроҷ-граф» зери назари узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф  Имомзода ба нашр расид.

Китоби мазкур  аз ду мақола — «Шахсияти бузурги таърихсоз» ва «Масъулият барои фардои миллат», ду гузориш-  «Ҳадиси дӯстӣ поён надорад» ва «Ганҷи бепоёни мо» ва ду муаррифиномаи китобҳои Пешвои миллат «Забони миллат –ҳастии миллат» («Рукни аслии давлатдорӣ ва тафаккури миллӣ») ва «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» («Ҷаҳони илму дарёи маонӣ») иборат мебошад.

Дар мақолаҳои китоб сухан аз хидматҳои босазову мондагори Пешвои миллат меравад.

Ба андешаи муаллифи китоб, воқеан ҳам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти волои таърихсоз аст.  Асарҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих» (иборат аз чор китоб), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ», «Забони миллат — ҳастии миллат» (дар ду китоб), «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли  инҳо аз ҷумлаи пажӯҳишҳои пурвусъату бунёдие ҳастанд, ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ мебошанд.

Ноябрь 13, 2020 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд