Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии вазирони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 16-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар ҷанбаҳои калидии шарокат, масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, амният, рафъи пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 ва самтҳои татбиқи талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза баррасӣ карданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори андеша карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ тадбирҳои пешгирии пайомадҳои COVID-19, аҳамияти татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати вокуниш ба буҳрони имрӯза ва сафарбарсозии манбаъҳои иловагӣ барои бартараф намудани пайомадҳои он дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027-ро таъкид намуд.
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррел нақши абзорҳои муколамавӣ ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупоро дар бартарафсозии пайомадҳои COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин густариши муносибатҳо ва амалӣ намудани иқдомҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятноки байниминтақавӣ муҳим арзёбӣ намуд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






