СУТ изҳор намуд, ки ваксина пандемияи коронавирусро манъ намекунад

Ноябрь 17, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинаи зидди коронавирус наметавонад танҳо пандемияро боздорад, навиштааст раҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус дар саҳифаи Твиттери худ, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Аз оғози пандемияи COVID-19 мо медонистем, ки барои назорати пандемия ваксина зарур аст. Инро низ бояд фаҳмид, ки он афзори  дигарро такмил мекунад, аммо онҳоро иваз намекунад», — навиштааст Гебрейесус.

Вай илова кардааст, ки дар ибтидо дастрасӣ ба ваксина маҳдуд хоҳад буд, чунки барои дарёфти он духтурон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин афзалият хоҳанд дошт.

«Ман умедворам, ки ин шумораи фавтро коҳиш дода, имкон медиҳад, ки системаи тандурустӣ дар мубориза алайҳи он муваффақ бошад, аммо имконот ва роҳҳои тавсеаи вирус вуҷуд доранд», — огоҳ мекунад роҳбари СУТ.

Гебрейесус даъват кард, ки пас аз оғози эмгузаронӣ бо ваксина назорат, озмоишҳои тестӣ, алоҳида кардани мубталоёни беморӣ ва табобаташон, пайгирии тамосҳои онҳо ва карантин, инчунин ҷалби ҷомеаҳо ва афроди алоҳида ба мубориза бо паҳншавии ин беморӣ идома дода шавад.

Пандемияи коронавирус тақрибан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар маҷмӯъ, беш аз 54 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд ва зиёда аз 1,3 миллион нафар ҷон бохтаанд. Аз ҳама зиёдтар ҳолатҳои сироятёбӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Ҳиндустон ва Бразилия сабт шудаанд.

Дар Россия зиёда аз 1,9 миллион нафар аз ин вирус сироят ёфтаанд, ки тақрибан 1,45 миллион нафарашон табобат шудаанд. Зиёда аз 33 ҳазор нафар қурбони COVID-19 гардиданд. Дар шабонарӯзи гузашта тақрибан 23 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор шудааст.

           ДАР АКС: Тедрос Гебрейесус (Акси: Denis Balibouse / Reuters)

Ноябрь 17, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид