Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир гардид

Ноябрь 26, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр таҳти роҳбарии  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти  соли 2020 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Суғд ба давраи зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаи мазкур тариқи видеоконфронс баргузор гардида, дар кори он намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ- аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва намояндагони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти  соли 2020  супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021 дар 4 банд ва 42 зербанди Нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардида, муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти иҷрокунанда ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи  мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.

Дар асоси пешниҳодҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба рафти иҷрои қарори зикргардида гузоришҳои ҷамъбастии ҳармоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади омўзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гурўҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳрӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайраро мавриди омўзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудаанд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, қарори Раиси вилоят аз 21 апрели соли 2020 «Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ба тасвиб расида, аз ҷониби сохторҳои марбута мавриди иҷро қарор дода шудааст

Зимни ҷаласа аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд ҳисобот манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа муовини Сарвазир оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳия вобаста ба маблағгузорӣ барои хариди маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш ибрози назар карда шуд.

Дар охири ҷаласа муовини Сарвазир ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захира ва сари вақт омода намудани соҳҳахои мухталифи вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Ноябрь 26, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад