Тартиби ягонаи ҷуброни хароҷоти шахсони алоҳидаи имтиёздор барои истифода аз нақлиёти мусофирбар омода мешавад

Ноябрь 3, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Дар ҷаласа вакилон лоиҳаи якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима ва аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Дар иҷлосия дар баробари масъулини дигар ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим низ сухан гуфт.

Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим  дар  хусуси лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси гумрук ва баъзе  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, баромад намуд. Аз ҷумла, зикр кард, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе диққати махсус дода шуда, дар баробари ба истифода додани автобусу троллейбусҳои нави замонавӣ  низоми электронии пардохти роҳкиро ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон бо истифода аз ин таҷриба низоми электронии пардохти роҳкиро дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар низ пешбинӣ шудааст.

Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз барои як зумра табақаи гуногун  барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёз муқаррар шудааст. Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат   нисбат ба маъюбон, кӯдакон, собиқадорон, вакилони мардумӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Бо назардошти ин ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта зарурати қабули Тартиби ягонаи ҷуброни хароҷоти шахсони алоҳидаи имтиёздор барои истифода аз нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ба миён омад.

Бо ин мақсад Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули Тартиби ягона ба якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳод намудааст, — гуфт вазир ва чанд Кодекс, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷумҳуриро номбар кард.

Мавриди зикр аст, ки ба ҳамаи қонунҳои амалкунанда  танҳо ҷумлаи “Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”  дар шакли якхела илова шудааст,- гуфт Азим Иброҳим.

Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки баъд аз қабули лоиҳаҳо Тартиби ягонаи ҷуброни хароҷоти шахсони алоҳидаи имтиёздор барои истифода аз нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, ки масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳоро ба категорияи шахсони  имтиёздор ба танзим медарорад, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки корҳо дар ин самт аллакай оғоз ёфтаанд.

 

АКС аз Вазорати нақлиёти ҶТ

Ноябрь 3, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»