Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода тариқи видеоконфронс дар маросими ифтитоҳи 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ (China International Import EXPO (CIIE)), ки таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Чин яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷои чорум мебошад. Дар 9 моҳи соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 342,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар соли 2019 гардиши савдои хориҷӣ бо Чин 660,9 млн. долларро ташкил дод.
Дар маросими мазкур сарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, Покистон, Чили, Сербия, Испания, Папуа Гвинеяи Нав ва Африқои Ҷанубӣ, инчунин директорҳои генералии ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (WTO), Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (UNCTAD), Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WIPO) ва Ташкилоти озуқавории ва кишоварзии СММ (UN FAO) ширкат варзиданд.
Маросими кушодашавиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва муаррифии иқтидори саноатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат мусоидат менамояд.
Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 150 намояндагони давлатҳо ва зиёда аз 500 ширкату корхонаҳои азими ҷаҳон маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Тоҷикистон низ маҳсулоти худро дар ин намоишгоҳ пешниҳод намуд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби соҳибкорони Тоҷикистон дар 2 намоишгоҳи қаблӣ шартномаҳо ба маблағи зиёда аз 5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






