Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сокинони деҳаи Бартавдеми Роштқалъаро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
ХОРУҒ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми сокинон давоми ду сол кӯҳпораҳо рахна ва лӯлаҳои обгузар васл гардида, ба деҳаи Бартавдеми Ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа об бароварда шуд. Зеро сокинони ин деҳа солҳо боз орзу доштанд, ки мисли аҳолии деҳоти ҳамсоя аз назди ҳавлиашон оби тоза дастрас кунанд. Аммо ягона манбаи оби ин деҳа чашмаи кӯҳие буд, ки ҳам дур ва ҳам дар як дараи касногузар ҷойгир буд.
Ба гуфтаи Зевар Улуғбеков, ки дар ин деҳа бештар аз 40 сол боз зиндагӣ мекунад, “онҳо борҳо роҳҳои интиқоли оби чашмаро ҷустуҷӯ мекарданд, аммо нақшаро амалӣ карда наметавонистанд. Неруи корӣ доштанд, аммо дар пайдо кардани масолеҳи сохтмонӣ бо мушкилӣ дучор мешуданд. Ва ин мушкили онҳоро Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҳал кард. Акнун 24 хонаводаи деҳа бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд”.
Масъулини Корхонаи давлатии обу ташноби ноҳия тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик ҳар хонаводаро бо ҳисобкунакҳои об таъмин кунанд ва маблағеро, ки истифодабарандагони об пардохт мекунанд, барои таъмиру тармими лӯлаҳои обгузар масраф намоянд.
Имсол ин сеюмин деҳа дар ноҳияи Роштқалъа аст, ки сокинони он бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд. Як ҳафта пеш 57 хонаводаи деҳаи Хидорҷеви ин ноҳия ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуда буданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






