Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2020 16:10

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №656
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳалимзод А.Д.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №657
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҷонмамадова М.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №658
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои
давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Султонзода Зебонисо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Султонзода Зебонисо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №659
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти
иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳаётзода Ф.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №660
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»
озод намудани Шамбиев А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шамбиев Алишер Александрович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №661
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори иҷроияи
филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи
М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе
озод намудани Мирзоев С.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №662
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми сардори
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Авазов У.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Авазов Усмон Бобоевич аз вазифаи муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №663
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи
давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»
озод намудани Саъдуллоев Ҳ.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саъдуллоев Ҳабибулло Найимович бинобар вафоташ аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №664
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии хоҷагии
ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Юсуфзода А.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №665
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода Р.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарзода Рукмина Сафар муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №666
ш. Душанбе

Дар бораи директори Хазинаи сарватҳои давлатии
назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарализода Ф.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарализода Фаррух Маҳмадҷон директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №667
ш. Душанбе

Дар бораи директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии
Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе
таъин намудани Ғаниев Р.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғаниев Рустам Ғафурович директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №668
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Юсуфзода Ю.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Юсуфзода Юсуфҷони Сангаҳмад муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 декабри соли 2020 №669
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми директори генералии
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»
таъин намудани Шодмонбекзода Д.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шодмонбекзода Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Декабрь 4, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд