Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ «Ҳурия» оғози расмӣ бахшиданд

Декабрь 24, 2020 11:24

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии пойтахт ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” оғози расмӣ бахшиданд. Коргоҳи мазкур мавсимӣ буда, ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос машғул аст.

Корхона аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров дар масоҳати 0,34 гектар бунёд гардида, корҳои бунёдӣ ва воридоту васли таҷҳизоти истеҳсолӣ пурра ба итмом расидааст.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳ дар мавсим 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии яхмос насли навтарин буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои аврупоӣ ворид карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сифат ва тамъу лаззати маҳсулоти ин корхона ба ҳамаи талаботҳо, аз ҷумла меъёрҳои санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ бошад. Дар мавсими навбатӣ маҳсулоти босифати ин корхона аллакай дастраси истеъмолкунандагон хоҳад гашт.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом, аз ҷумла шир, аз хоҷагиву фермаҳои чорводорӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дастрас карда мешавад ва ба хотири таъмини бехатарӣ, маҳсулоти корхона ҳар моҳ ду маротиба аз санҷиши сифат мегузарад.

Маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” бо бренди “Сардиҳои Тоҷикистон” истеҳсол шуда, бештар аз 30 намудро дар бар мегирад. Ба хотири дастрас кардани маҳсулоти истеҳсолии корхона ба мизоҷон, чор адад автомашинаи махсус харидорӣ гардидааст.

Тавре маълум аст, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе коргоҳу сехҳои хурду миёнаи истеҳсоли яхмос хеле зиёданд ва дар бозори истеъмолӣ як навъ рақобатро низ ба миён овардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки дар ин бозори пуррақобат пеш аз ҳама ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ободонию зебогардонидани гирду атрофи бинои корхона аз маслиҳатҳои дигари Пешвои миллат буд, ки ба соҳибкорон дода шуд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ “Ҳурия” дар шаҳри Душанбе 24.12.2020

Декабрь 24, 2020 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд