ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Панҷакент 340 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Декабрь 4, 2020 11:51

ДУШАНБЕ, 04.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Панҷакент сохтмони 405 адад биною иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ин замон 340 адади он мавриди истифода қарор дода шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти бунёдшаванда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ва биноҳои истиқоматӣ дидан намуд.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҳоло бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и шаҳри Панҷакент бо маблағгузории Корхонаи муштараки «Зарафшон» аз тарафи пудратчӣ ҶДММ КСМ-278 оғоз гардид, ки он дар оғози соли хониши 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 иборат аз 3 ошёна, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, инчунин таҷҳизоту шароити мусоиди таълиму тарбия барои 804 нафар хонандагон дар ду баст бунёд мегардад.

Бунёди бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Румӣ ва бинои истиқоматии иборат аз 72 ҳуҷра, воқеъ дар кўчаи Фирдавсӣ низ бо маром идома дорад. Корҳои сохтмонии биноҳои истиқоматӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳу намуди замонавӣ ҷараён доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр зимни боздид ҷиҳати ҷавобгў ба меъёру талаботи сохтмонӣ ба истифода додани иншооти бунёдшаванда ба масъулин дастур дод.

Декабрь 4, 2020 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд