ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳаи Гармчашмаи Ванҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва шарикон дар деҳаи Гармчашмаи Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ хати оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин имкон медиҳад сокинони деҳаи Гармчашма, ки дорои 57 хоҷагӣ мебошад, пурра бо оби ошомидании аз лиҳози санитарӣ тоза таъмин гарданд, зеро 59 нуқтаи оби нӯшокии ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир мавриди баҳрабардории мардуми ин деҳа қарор гирифт.
Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд муассисаи таҳсилоти ибтидоию умумии №29 дорои 4 синфхонаи таълимӣ барои 20 хонанда ва хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Равгадаи Ҷамоати деҳоти Техарв бо дарозии 3 км ба истифода дода шуданд.
Имрӯзҳо бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат симои маркази ноҳияи Ванҷ ба куллӣ дигаргун гардида, иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Сокинони ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла соҳибкорон тадбирҳоро бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда истодаанд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Ванҷ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз доштанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба бунёдкорию созандагӣ дар рушди ноҳия саҳми сазовор мегузоранд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






