ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Абдураҳмон Ҳомидов дар Исфара ҳаммоми замонавӣ бунёд намуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдураҳмон Ҳомидов ҳаммоми замонавӣ мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд. Ҳаммоми мазкур бо маблағи беш аз 160 ҳазор сомонӣ сохта шуда, панҷ нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии 922 млн 968 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, соли 2018- 86 иншоот, 2019- 131 иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд.
Давоми нуҳ моҳи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ, ки маблағи умумии онҳо 52 млн 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 77 иншоот пурра ба итмом расонида шудааст.








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






