Абдуллоҳ Абдуллоҳ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳомии сулҳу субот дар Афғонистон аст»

Декабрь 22, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳомии сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст», — чунин  изҳор дошт имрӯз  дар нишасти хабарӣ   Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ  пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Душанбе.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ зикр кард, ки «бо  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  таҷрибаи хуби барқарор намудани сулҳро доранд, доир ба ин мавзӯъ табодули назар кардем».

Дар ҷараёни мулоқот оид ба лоиҳаи сулҳ ва мусолиҳаи  миллӣ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

«Президенти Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, ки барқарор намудану  таҳким бахшидани   сулҳу субот  дар  Афғонистон, на танҳо барои рушди  ин кишвар, балки барои  тараққиёт ва пешрафти тамоми кишварҳои минтақа нақши калидӣ дошта метавонад»,-  афзуд  Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ 21 декабр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оврада, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд.

АКС аз Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ

Декабрь 22, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд