Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи МБС бо иштироки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 04.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Маркази байналмилалии савдо (МБС), ки дар формати видеоӣ бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир гардид, дастовардҳои мамлакат дар доираи фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ва раванди татбиқи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора мухбири АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода вобаста ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва Маркази байналмилалии савдо дар самти фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, таъсиси Портали савдои Тоҷикистон, бартараф намудани таъсири манфии бемории сироятии COVID-19 ба савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда сухан карда, омодагии густариши ҳамкориро дар самтҳои зикршуда иброз намуд.
Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, умедвории худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи бештар баён намуданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016 Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуд, ки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ аъзои он мебошанд. Инчунин ҷиҳати шаффоф гардонидани сиёсати савдои мамлакат Портали савдои Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд, ки бо 3 забон маълумотро оид ба 53 расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ (зиёда аз 1500 номгӯи маҳсулот) дар бар мегирад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






