Ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 23 декабр тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар ҷаласа роҳбарон ва мансабдорони баландпояи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумита Нусратулло Давлатзода ва дигар мутахассисон ширкат варзиданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари хадамоти давлатии андози Ҷумҳурии Озарбойҷон Назарли Орхан Фаик оғли оғоз намуд.
Инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ бо гузориши худ дар мавзӯи «Дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисод ва вазифаҳои марбут ба ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2020-2021» суханронӣ кард.
Мавзӯи асосии рӯзнома муҳокимаи фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар заминаи пандемияи COVID-19 ва рафъи оқибатҳои он буд.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Кумитаи андоз ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ шинос намуд.
Дар ҷаласаи коршиносон сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумитаи андоз ба диққати иштирокчиён маълумоти ҷамъбастӣ оид ба таҷрибаи баҳсҳои судӣ ва тосудии баррасии шикоятҳои андозсупорандагон вобаста ба натиҷаҳои назорати андоз дар давлатҳои аъзои ИДМ-ро пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин якчанд мавзӯъҳои муҳими дигар, аз ҷумла амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми (солҳои 2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии ИДМ ва омодасозии бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳоро дар соҳаи андоз ва андозбандӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо Протокол қабул намуданд, ки дар он дурнамои ҳамкории минбаъдаи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ-ро муайян карда шудааст.
ШҲРМА ИДМ тибқи Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 31 майи соли 2001 бо мақсади таъмини шароити мусоид барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ таъсис дода шудааст.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






