Сомонаи «Рисолат» бинобар алоқамандӣ бо СПИИ ҶИЭ аз тарафи Вазорати адлияи ИМА масдуд гардид

Декабрь 22, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Як расонае, ки бо забони тоҷикӣ матлаб нашр мекард, дар баробари 92 сомонае, ки муфаттишони амрикоӣ марбути созмонҳои ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон донистаанд, аз ҷониби Вазорати адлияи Амрико масдуд шудааст, хабар медиҳад Радиои «Озодӣ».

Бино ба иттилои манбаъ, сомонаи “Рисолат” (risolattj.com), ки ба забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ барои мухотабон дар Тоҷикистон матлаб нашр мекард, “зидди манофеи ИМА” унвон шудааст.

Дар ин торнамо ба ҷуз аз хабару гузоришҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон, ки бо шеваи монанд ба расонаҳои расмии Эрон тақдим мешуданд, инчунин изҳороту муроҷиатҳои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ низ пайдо мешуд.

Ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне дар Эрон ва хориҷ аз он ба кӣ тааллуқ доштани ин сомонаро тасдиқ  ё рад накардааст.

“Рисолат”, зоҳиран замоне таваҷҷӯҳи мақомоти амрикоиро ҷалб кард, ки пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, генерали баландмақоми эронӣ ба маротиб фаъол шуд.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои «Қудс»-и Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп аз сӯи артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Амрико Қосим Сулаймониро дар қатли садҳо сарбози амрикоӣ дар минтақа муттаҳам дониста, ӯро «террорист» эълон карда буд.

Пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ин сомона ҳафтае даҳҳо матлаби зиддиамрикоӣ нашру паҳн мекард.

Дар санаде, ки сомонаи расмии Вазорати адлияи Амрико рӯзи 16-уми декабр нашр кардааст, ном ва домейнҳои ин сомонаҳо оварда шудаанд.

Арон Сюарт, муфатиши Бюрои тафтишоти Амрико, ки баромади ин сомонаҳоро таҳқиқ кардааст, дар шарҳи ин тасмим навиштааст, ин сомонаҳо аз сӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон идора мешаванд ва матлабҳое, ки зидди манофеи Амрико нигаронида шудаанд, ба нашр мерасонанд.

Рӯйхати ин 92 сомона дар торнамои расмии Вазорати адлияи Амрико нашр шудааст ва дар миёни онҳо ба ҷуз аз risolattj.com ҳамчунон сомонаҳое ба мисли farhang-press.com, roushd.com низ ҳастанд, ки бо забони форсӣ дар бораи минтақаи Эрону Афғонистон ва Осиёи Миёна матлаб нашр мекарданд.

Декабрь 22, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид