Бехатарии озуқаворӣ дар Кӯлоб таҳти назорати Маркази ташхисӣ қарор дорад

Декабрь 9, 2020 14:11

КӮЛОБ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ фаъолият мекунад, ки он бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири соҳавӣ давоми як моҳи охир зиёда аз 1000 ташхиси маҳсулоти хӯрокӣ гузаронидааст.

Тавре сардори Маркази ташхисӣ Муҳаммадрасул Солеҳзода иттилоъ дод, “дар марказ беҳтарин мутахассисони соҳа ба кор ҷалб карда шуда, ҳамарӯза маҳсулоти гуногуни хӯрокиро аз ташхис гузаронида, сифат ва ба талабот ҷавобгӯ будани онро муайян месозанд. Ҳар намуди маҳсулот дар шуъбаҳои алоҳидаи ташхисгоҳ санҷида мешавад ва дастгоҳу лавозимоти санҷишӣ муосир ва ҳозиразамон мебошанд. Зиёд шудани бемориҳои буғумдард ва сӯхтанӣ дар байни аҳолӣ ташвишовар гардида буд, зеро ки он бештар ба воситаи истеъмоли гӯшту шир мегузарад. Акнун дар ташхисгоҳ гӯшту шири ба муомилот баровардашавандаро санҷида, сипас барои фурӯш иҷозат медиҳанд. Аллакай чандин ҳолати бемории ҳайвонҳои калони шохдор ва моли майда ошкор гардидааст”.

Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои шаҳр ташхисгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва мутахассисони варзида дорад, ки ҳамарӯза гӯшту шир ва меваю сабзавоти ба бозор воридшударо аз санҷиш мегузаронанд. Онҳо тамоми дӯконҳои гӯштфурӯшӣ ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокиро зери назорати доимӣ қарор додаанд.

Декабрь 9, 2020 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд