БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. Токио ба кишварҳо тавсия медиҳад, ки варзишгаронро 5 рӯз пеш аз оғози мусобиқаҳо фиристанд

Декабрь 14, 2020 13:06

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио тадбирҳои нави мубориза бо коронавирусро дар Бозиҳо эълом кард. Яке аз роҳҳои мубориза бо сироятёбии варзишгарон ва шахсони расмӣ- ин кӯтоҳ кардани муҳлати будубоши онҳо дар Япония мебошад. Дар ин бора директори иҷроияи Кумитаи тадорукот Тосиро Муто хабар дод (ДАР АКС).

Ҳамин тариқ, ба кумитаҳои миллии олимпӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, тавсия дода мешавад, ки варзишгаронро 5 рӯз пеш аз оғози мусобиқа ба Токио фиристанд ва ҳадди аксар пас аз ду рӯзи ба охир расидани баромадҳо онҳоро ба Ватан баргардонанд.

«Ин санад дар ҳамкории зич бо Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) таҳия шудааст. Он маҷмӯи асосии қоидаҳо барои ҳамаи 206 кумитаи миллии олимпӣ дар вақти будубошашон дар Япония хоҳад шуд. Ин комилан зарур аст, зеро барои мо кам кардани шумораи сокинони деҳаи олимпӣ ва иштирокчиёни маросим муҳим аст. Ҳамзамон мо намехоҳем, ки варзишгаронро аз ин таҷрибаи беназир маҳрум созем ва ба натиҷаҳои онҳо таъсири манфӣ расонем», — гуфт президенти КБО Томас Бах.

Бино ба гуфтаи ӯ, танҳо бо  ҳамин роҳ метавон хатари сироятро кам кард.

Ёдовар мешавем, ки бинобар пандемияи коронавирус Бозиҳои олимпӣ дар Токио як сол мавқуф гузошта шуданд. Онҳо аз 23 июл то 8 августи соли 2021 аз рӯи 33 намуди варзиш баргузор мешаванд. Дар онҳо 12 500 нафар варзишгарон аз 205 кишвари ҷаҳон барои 339 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. 66 сол пас аз Бозиҳои олимпии соли 1964 пойтахти Япония бори дигар мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ хоҳад шуд.

Қаблан КБО санаи ниҳоии роҳхат ба марҳилаи муқаддимотии Бозиҳои олимпиро тасдиқ карда буд. Муҳлати охирини он 29 июни соли 2021 буда, муҳлати дархости варзишгарон 5 июли соли 2021 мебошад.

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар рейтинги ҷоизадорони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро бо як медали тилло, ки Дилшод Назаров ба даст оварда буд, дар ҷои 54-ум қарор гирифт. Ин нисбат ба ҷойе, ки дастаи мо дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ишғол карда буд, 25 зина болотар аст.

Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита 29 декабри соли 2020 баргузор мегардад.

   АКС аз AFP

Декабрь 14, 2020 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд