Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ»» кумак расонида шуд

Декабрь 30, 2020 11:18

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ роҳбарияти Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бошандагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ»» дар ноҳияи Варзоб дидан намуда, ба бошандагони муассисаи мазкур  либосҳои зимистона, маводи хӯрокӣ  ва туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Тавре аз  вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, инчунин роҳбарияти вазорат дар пайравӣ аз сиёсати  инсондӯстонаву иқдомоти хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон, Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон ва  дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дидан намуда, ба бошандагон туҳфаҳои солинавӣ ва маводи озуқаворӣ дастрас карданд.

Зимни боздид ва шиносоӣ аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ зикр шуд, ки  вазъи доимии  зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва  назари хайрхоҳонаи Пешвои миллат намегузорад, ки дар ҳама гуна шароит табақаи имконияташон маҳдуд ва дар умум маъюбону эҳтиёҷмандон ба мушкилӣ мувоҷеҳ шаванд. Ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳбарияти муассисаҳои мазкур дустур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дастгирии табақаҳои ниёзманд минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

Декабрь 30, 2020 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид