Дар Донишгоҳи давлатии Данғара 83 нафар донишҷӯ аз рӯи ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, ҷалби донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ дар дигар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат дар ҷамъомаде, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён доир гардид, баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки дар факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара 83 нафар донишҷӯ аз рӯи ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, дар ин самти тайёр кардани мутахассисони ҳирфаию ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳм гузоштан дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои таҳкими симои ҷумҳурӣ ҳамчун давлати сайёҳии байналмилалӣ ҳадафҳои муҳими Кумита маҳсуб мешаванд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад






